Корбарон дар низомҳои 64-битаи «Windows», ки браузери «Firefox»-ро боргирӣ мекунанд, метавонанд версияи 64-битаи моро бо танзими пешфарз насб кунанд. Ин маънои онро дорад, ки шумо нусхаи бехатартар ва устувортари «Firefox»-ро мегиред, ки ҳамчунин камтар хато мекунад ва сабуктар кор менамояд. То чӣ андоза камтар? Тавре ки санҷишҳои мо то ҳол нишон медиҳанд, версияи 64-битаи браузери «Firefox» шумораи хатоҳоро то 39% дар компютерҳои бо «4GB RAM» ё бештар кам кардааст.
Низоми 32-бит аз 64-бит чӣ фарқ мекунад?
Ин нуктаи асосие аст, ки шумо бояд донед: барномаҳои 64-битӣ метавонанд ба ҳаҷми бештари ҳофизаи низомӣ дастрасӣ пайдо кунанд ва нисбат ба барномаҳои 32-битӣ ҳангоми кор камтар ба қатъшавӣ дучор шаванд. Ҳамчунин, ҳангоми гузариш аз низоми 32-битӣ ба 64-битӣ, як хусусияти амниятӣ бо номи Маҳлутсозии тарҳбандии фазои нишониҳо (ASLR) беҳтар кор мекунад, то ин хусусият тавонад шуморо аз ҳамлагарон муҳофизат намояд. Корбарони низомҳои «Linux» ва «macOS», бояд хавотир нашаванд — шумо аллакай аз браузери «Firefox» истифода мебаред, ки барои низомҳои 64-битӣ беҳтар шудааст.
Шумо чӣ тавр браузери «Firefox»-и 64-битро ба даст меоред?
Агар шумо аз низоми 64-битии «Windows» истифода баред (ин тавр санҷидан мумкин аст), эҳтимол аст, ки браузери «Firefox»-и шумо аллакай 64-битӣ аст. Нусхаи насбшудаи браузери «Firefox»-и худро санҷед (дар равзанаи Дар бораи «Firefox») ва пас ба мавҷуд будани «(32-битӣ)» ё «(64-битӣ)» нигаред:
- Агар шумо «(32-бит)»-ро бинед ва шумо аз «Firefox 56.0» ё навтар истифода карда истодаед, навсозӣ кардани браузер ба версияи навтарини «Firefox» бояд браузери шуморо ба таври худкор ба «64-бит» навсозӣ кунад.
- Агар шумо версияи «(32-битӣ)»-ро бинед ва муайян кунед, ки шумо аз браузери «Firefox» 56.0.1 ё навтар истифода мебаред, эҳтимол аст, ки компютери шумо ба талаботи ҳадди ақали ҳофизаи низомии 64-битӣ (3 ГБ «RAM» ё бештар) ҷавобгӯ намебошад. Агар хоҳед, шумо ҳанӯз метавонед браузери 64-битии «Firefox»-ро ба таври дастӣ насб кунед.