Браузери веб чист?
Браузери интернетӣ воситаест, ки шуморо ба ҳар гӯшаи Интернет мерасонад ва имконият медиҳад, ки матн, тасвир ва наворҳоро аз тамоми ҷаҳон тамошо намоед.
Веб як абзори қавӣ ва бениҳоят фарогир аст. Танҳо дар чанд даҳсолаи охир интернет тарзи кори мо, фароғати мо ва муоширати моро ба куллӣ дигаргун сохт. Вобаста ба тарзи истифодааш, интернет метавонад миллатҳоро ба ҳам пайвандад, тиҷоратро рушд диҳад, робитаҳоро мустаҳкам созад, муҳаррики навоварии оянда гардад — ва, албатта, шумораи беандозаи мемҳоро ба вуҷуд оварад, ки дигар намедонем, ки бо онҳо чӣ кор кунем.
Муҳим аст, ки то ҳар як кас тавонад ба Интернет дастрасӣ пайдо кунад, аммо, инчунин, зарур аст, ки ҳамаи мо абзорҳоеро дарк кунем, ки мо барои пайдо кардани дастрасӣ ба он истифода мебарем. Ҳар рӯз мо аз браузерҳои веб ба монанди «Mozilla Firefox», «Google Chrome», «Microsoft Edge» ва «Apple Safari» истифода мебарем, аммо ҳанӯз мо дарк намекунем, ки онҳо аз чӣ иборатанд ва чӣ тавр кор мекунанд? Дар як муддати вақти кутоҳ, мо аз ҳайрат ба қобилияти фиристодани почтаи электронӣ ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, то як тағйири амиқ дар тафаккури мо дар бораи иттилоот гузаштем. Ин саволе нест, ки шумо дигар чӣ қадар медонед, балки танҳо як савол дар бораи он аст, ки кадом браузер ё барнома метавонад шуморо ба ин маълумот ҳар чӣ зудтар бурда расонад.
Браузери веб чӣ гуна кор мекунад?
Браузери веб шуморо ба ҳамаи ҷойҳои дилхоҳ дар интернет мебарад. Он маълумотро аз дигар қисматҳои веб дарёфт мекунад ва онро дар мизи корӣ ё дастгоҳи мобилии шумо намоиш медиҳад. Маълумот бо истифода аз Протоколи интиқоли абарматн интиқол дода мешавад, ки он тарзи интиқоли матн, тасвирҳо ва видеоро дар Интернет муайян мекунад. Ин маълумот бояд дар формати муттасил мубодила ва намоиш дода шавад, то одамоне, ки аз ҳар гуна браузер истифода мебаранд, тавонанд дар ҳар гӯшаи ҷаҳон маълумотро бинанд.
Мутаасифона, на ҳамаи браузерҳо ин форматро ҳамон тавр шарҳ медиҳанд. Барои корбарон ин маънои онро дорад, ки сомона метавонад ба таври дигар намоиш дода шавад ва кор кунад. Эҷод кардани ҳамоҳангӣ байни браузерҳо, то ҳар як корбар тавонад новобаста аз браузери интихобкардаи худ, мувофиқи стандартҳои веб аз Интернет пурра истифода барад.
Вақте ки браузери веб маълумотро аз сервери пайвастшуда ба интернет мегирад, он як порчаи нармафзореро истифода мебарад, ки муҳаррики коркарди аксҳо номида мешавад, то ин маълумотро ба матн ва тасвирҳо тарҷума кунад. Ин маълумот дар Забони аломатгузории абарматн (HTML) навишта шудааст ва браузерҳои веб ин рамзҳоро мехонанд, то он чизеро, ки мо дар Интернет мебинем, мешунавем ва аз сар мегузаронем.
Абарпайвандҳо ба корбарон имкон медиҳанд, то ки онҳо тавонанд ба саҳифаҳо ё сомонаҳои дигар дар Интернет гузаранд. Ҳар як саҳифаи веб, тасвир ё видео дорои Ҷойгиркунандаи ягонаи манбаъ (URL) мебошад, ки ҳамчун нишонии веб низ маъруф аст. Вақте ки браузер ба сервер барои дарёфти маълумот муроҷиат мекунад, нишонии «URL» ба он нишон медиҳад, ки ҳар як ҷузъи тавсифшуда дар «HTML» дар куҷо ҷойгир шудааст ва роҳнамоӣ мекунад, ки браузер онро дар кадом қисми саҳифа веб бояд намоиш диҳад.
Кукиҳо (ин кулчақанд бамаза нест)
Сомонаҳо маълумотро дар бораи шумо дар файлҳо бо номи кукиҳо нигоҳ медоранд. Онҳо дар компютери шумо барои дафъаи ояндае, ки шумо ба сомона ворид мешавед, нигоҳ дошта мешаванд. Пас аз бозгашти шумо, рамзи сомона ин файлро мехонад, то тафтиш мекунад, ки ин шумо ҳастед. Масалан, вақте ки шумо ба сомона ворид мешавед, саҳифа номи корбар ва ниҳонвожаи шуморо дар хотир нигоҳ медорад - ин амал танҳо тавассути куки имконпазир аст.
Инчунин, кукиҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд маълумоти муфассалтарро дар бораи шумо дар хотир нигоҳ доранд. Ақаллан, маълумоти шахсии шумо монанд ба манфиатҳои шумо, тарзҳои тамошобинии шумо дар сомонаҳо ва ғайра метавонанд ҷамъ карда шаванд. Ин маънои онро дорад, ки дар асоси ин маълумоти шахсӣ, сомонаҳо метавонанд ба шумо муҳтавои мақсаднокро махсус барои шумо пешниҳод кунанд - аксари вақт дар шакли таблиғотӣ (рекламавӣ). Намудҳои кукиҳое мавҷуданд, ки кукиҳои тарафи сеюм номида мешаванд ва аз сомонаҳое меоянд, ки шумо ҳатто дар он вақт ба онҳо ташриф намеоред ва метавонанд шуморо аз як сомона ба сомонаи дигар пайгирӣ кунанд, то дар бораи шумо маълумотеро ҷамъ кунанд, ки баъзан ба ширкатҳои дигар фурӯхта мешавад. Баъзан шумо метавонед ин намуди кукиҳоро манъ кунед, агарчанде ки на ҳамаи браузерҳо ба шумо чунин имкониятро пешниҳод мекунанд.
Фаҳмидани махфият
Қариб ҳамаи браузерҳои асосӣ дорои танзими тамошобинии хусусӣ мебошанд. Ҳадафи онҳо пинҳон кардани таърихи тамошобинӣ аз корбарони дигар мебошад, ки як компютерро якҷоя истифода мебаранд. Аксари одамон фикр мекунанд, ки тамошобинии хусусӣ ё реҷаи пинҳонӣ ҳам шахсияти онҳо ва ҳам таърихи тамошобинии онҳоро аз провайдерҳои хизматрасони интернет, ҳукуматҳо ва таблиғгарон пинҳон мекунад. Дар ҳақиқат онҳо дигар хел кор мекунанд. Ин танзимот танҳо таърихи тамошобиниро дар дастгоҳи шумо пок мекунад, ки ҳангоми кор бо маълумоти мушаххаси шахсӣ дар компютери муштарак ё ҷамъиятӣ ёрирасон аст. Браузери «Firefox» аз ҳамин чорчӯба берун кор мекунад.
Бо истифода аз браузери «Firefox», шумо метавонед махфияти шахсии худро дар муҳити онлайн беҳтар ҳифз намоед — зеро ки он васоити пайгирии интернетиеро, ки шуморо дар саросари шабака пайгирӣ мекунанд, маҳдуд месозад.
Бигузор, ки браузери шумо танҳо барои манфиати шумо кор кунад
Аксари браузерҳои асосии веб ба корбарон имкон медиҳанд, то онҳо тавонанд таҷрибаи худро тавассути васеъшавиҳо ё ҷузъҳои иловагӣ ба таҷрибаи муносиб табдил диҳанд. Васеъшавиҳо порчаҳои нармафзорӣ мебошанд, ки корбарон метавонанд онҳоро ба браузер илова кунанд, то браузери худро ба ниёзҳои шахсӣ мутобиқ созанд ё имкониятҳои иловагӣ фароҳам оваранд. Васеъшавиҳо метавонанд ҳар гуна корҳои гуногуни ҷолиб ва амалиро анҷом диҳанд, аз он ҷумла, онҳо метавонанд имкониятҳои нав, луғатҳои забонҳои хориҷӣ ё намуди зоҳирӣ ва мавзуъҳои дидориро фаъол кунанд.
Ҳамаи таҳиягарони браузерҳо маҳсулоти худро ба мақсаде равона мекунанд, ки тасвирҳо ва наворҳои видеоӣ ҳарчи зудтар ва ҳамвортар намоиш дода шаванд, то корбарон тавонанд аз имкониятҳои веб ба таври пурра истифода баранд. Ҳамаи онҳо кӯшиш мекунанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки корбарон браузере доранд, ки зудамал, пуриқтидор ва осонфаҳм барои истифода мебошад. Фарқият дар миёни онҳо дар сабабу ҳадафҳояшон зоҳир мешавад. Аз ин рӯ, интихоби браузери мувофиқ барои ҳар як корбар аҳамияти муҳим дорад. Ташкилоти «Mozilla» браузери «Firefox»-ро месозад, то корбарон тавонанд ҳаёти онлайни худро ба таври комил назорат кунанд ва Интернет барои ҳамаи мо ҳамчун манбаи ҷаҳонӣ ва ҷамъиятӣ бо дастрасии озод боқӣ монад.