Новобаста аз он ки шумо браузери зудамалеро ҷустуҷӯ кардаед ё ба технологияҳои мустақил ниёз доред, ки махфияти шуморо ҳифз мекунанд, ҳамин бахши «Саволҳо ва ҷавобҳо» барои ҷавоб додан ба муҳимтарин саволҳои марбут ба «Firefox» омода шудааст.
Дар ҳақиқат Браузери «Firefox» - браузери бузург ва ягона аст, ки аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ дастгирӣ карда мешавад ва барои ҳифз кардани маълумоти шахсии шумо мусоидат менамояд. Ба маълумоти бештар дар бораи Браузерҳои Firefox ва маҳсулоти дигар дастрасӣ пайдо намоед.
Шумо метавонед браузери мизи кории «Firefox»-ро ба осонӣ аз ин ҷой боргирӣ кунед. Браузери «Firefox» дар дастгоҳҳои Windows, Mac ва Linux кор мекунад ва инчунин, барои низомҳои Android ва iOS дастрас аст. Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо браузери моро танҳо аз яке аз саҳифаҳои эътимодбахши «Mozilla»/«Firefox» боргирӣ мекунед.
Ҳа! «Браузери «Firefox»» ройгон аст. Дар ҳақиқат ин ройгон аст. Ягон пардохти ноаён ё чизе монанд пинҳон нашудааст. Шумо барои истифодаи он ягон чиз пардохт намекунед.
Не, мо фикр намекунем, ки «Chrome» аз «Firefox» беҳтар аст, ва сабаби фикрҳои мо дар он аст, ки одамон доимо мепурсанд, ки кадом браузер беҳтар аст ва воқеан мепурсанд, ки кадом браузер тезтар ва бехатартар аст. Донед, ки браузери «Firefox» ҳар моҳ навсозӣ карда мешавад, то итминон ҳосил шавад, ки шумо браузери тезтаринро доред, ки ба таври худкор махфияти шуморо эҳтиром мекунад.
Бинед, ки чӣ тавр «Firefox» нисбат ба «Chrome» муқоиса карда мешавад.
Ҳифзи махфияти шумо афзалияти асосии мо аст ва мо итминон ҳосил мекунем, ки насби браузери «Firefox» дар дастгоҳҳои шумо комилан бехатар аст — аммо ҳамеша боварӣ ҳосил кунед, ки шумо онро танҳо аз саҳифаи эътимодбахши ташкилоти «Mozilla»/«Firefox», монанд ба ҳамин саҳифаи боргирии мо, боргирӣ мекунед.
Браузери «Firefox» на танҳо барои истифода бехатар аст, балки маълумот ва иттилооти шахсии шуморо низ ба таври бехатар нигоҳ медорад. Браузери «Браузери «Firefox»» ба таври худкор васоити пайгирии маъруфи тарафи сеюм, васоити пайгирии шабакаҳои иҷтимоӣ, криптомайнерҳо ва дастгоҳҳои хонандаи нақши ангуштонро аз ҷамъоварии маълумоти шумо пешгирӣ ва манъ мекунад. Дар бораи махфияти маҳсулоти мо маълумоти бештар гиред.
Браузери «Firefox» дигар суст кор намекунад. Дар соли 2017 мо муҳаррики браузери худро (бо номи «Quantum») комилан аз нав сохтем, то браузери «Firefox» тавонад бо дигар браузерҳои пешсаф рақобат кунад. Илова бар ин, манъкунандаи васоити пайгирии мо барои боз ҳам зудтар бор кардани саҳифаҳои сомонаҳо мусоидат мекунад. Дар натиҷа, «Firefox» бо суръати барқосо кор мекунад ва ҳамзамон махфияти шуморо пурра ҳифз менамояд.
Браузери «Firefox» ба лоиҳаи «Chromium» (лоиҳаи браузер бо рамзи манбаи кушод, ки дар асоси он браузери «Google Chrome» таҳия шудааст) комилан тааллуқ надорад. Дар асл, мо яке аз навтарин браузерҳои бузург ҳастем, ки дар он лоиҳа асос намеёбад. Браузери «Firefox» бо истифода аз муҳаррики браузерии «Quantum» кор мекунад, ки махсус барои «Firefox» сохта шудааст ва ҳамин тавр мо метавонем кафолат диҳем, ки маълумоти шумо бо эҳтиром коркард гардида, ба таври махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Низоми ҷустуҷӯии «Google» муҳаррики ҷустуҷӯии пешфарз дар браузери «Firefox» мебошад ва ин маънои онро дорад, ки шумо метавонед сомонаҳоро дар Интернет мустақиман аз навори нишонӣ ҷустуҷӯ намоед. Дар бораи хусусиятҳои муҳаррикҳои ҷустуҷӯӣ ва тағйир додани танзимоти пешфарз маълумоти бештар гиред.
Браузери «Firefox» дорои «VPN»-и ройгон ва дарунсохт мебошад, ки нишониҳои «IP»-и шуморо ҳангоми тамошобинӣ аз амалҳои пайгирӣ муҳофизат мекунад. Онро дар браузери «Firefox» танҳо бо зер кардани як тугма фаъол созед. Ин имконият танҳо дар минтақаҳо (бозорҳо)-и мушаххас дастрас аст. Барои муҳофизат кардани ҳаммаи дастгоҳҳо ва барномаҳи худ ба таври комил, лутфан, ба сомонаи Mozilla VPN ворид шавед.
Браузери «Firefox» аз ҷониби ташкилоти «Ширкати Mozilla» сохта шудааст, ки шуъбаи пурраи моликияти ташкилоти ғайритиҷоратии Бунёди Mozilla мебошад ва фаъолияташро дар асоси принсипҳои Баённомаи «Mozilla» пеш мебарад. Дар бораи таҳиягари «Firefox» аз ин ҷо маълумоти бештар гиред.