Махфияти худкорро интихоб намоед
Ширкатҳо пайваста роҳҳои наверо барои ҷамъоварии маълумоти шахсии шумо меёбанд. Браузери «Firefox» бошад, ин браузере аст, ки бо рисолати кашфи роҳҳои боз ҳам беҳтар шуда, шуморо муҳофизат мекунад.
Ташаккур барои истифодаи браузери охирини «Firefox». Вақте ки шумо «Firefox»-ро интихоб мекунед, шумо Интернети беҳтареро барои худ ва ҳамаи корбарони дигар дастгирӣ мекунед. Акнун барои муҳофизат кардани худ дар Интернет ба қадами навбатӣ гузаред.
Ширкатҳо пайваста роҳҳои наверо барои ҷамъоварии маълумоти шахсии шумо меёбанд. Браузери «Firefox» бошад, ин браузере аст, ки бо рисолати кашфи роҳҳои боз ҳам беҳтар шуда, шуморо муҳофизат мекунад.
Браузери «Firefox» дар низомҳои амалкунандаи «Windows», «iOS», «Android», «Linux»… ва дар байни ҳамаи онҳо зуд ва бехатар аст. Ба ҷойи қарорҳои қабулшуда бе иштироки шумо, акнун шумо сазовори имконияти интихоб дар браузерҳо ва дастгоҳҳо ҳастед,
Браузери «Firefox» — дар ҳақиқат ягона аст, ки воқеан мустақил мебошад. Браузерҳои «Chrome», «Edge» ва «Brave» - ҳамаи онҳо дар асоси рамзи «Google» сохта шудаанд, ки ба «Google» имконияти назорати ҳаматарафаи иловагӣ дар саросари Интернет медиҳад.