Тарҷума кардани саҳифаи сомона ба воситаи «Firefox»

Яке аз беҳтарин хусусиятҳои Интернет дар он аст, ки мо метавонем ба муҳтаво ва ҳар гуна мавод аз саросари ҷаҳон дастрасӣ пайдо намоем. Фарқ надорад, ки мавод дорои мақолаҳои хабарӣ, блогҳо ё ҳатто баррасии охирин лавозимоти техникӣ мебошад — ҳамаи онҳоро дар сомонаҳо дар ҳаҷми номаҳдуд пайдо кардан мумкин аст. Бо истифода аз хусусияти нави тарҷумаи дохили браузери «Firefox», шумо метавонед сомонаҳоро дар вақти воқеӣ ба таври пайваста тарҷума кунед.

Вақте ки браузерҳои дигар ба хизматрасониҳои абрӣ такя мекунанд, моделҳои забонии «Firefox Translations» дар браузери корбар боргирӣ карда мешаванд ва тарҷумаҳо метавонанд ба таври маҳаллӣ иҷро карда шаванд, бинобар ин, ташкилоти «Mozilla» саҳифаҳои сомонаҳоеро, ки шумо тарҷума мекунед, дар серверҳои худ сабт намекунад. Браузери «Firefox»-ро боргирӣ карда, фаъолияти худро бо забони пазируфта оғоз намоед.

Вақте ки шумо сомонаро тарҷума мекунед, махфияти шумо нигоҳ дошта мешавад

Вақте ки тарҷумаҳои шумо ба таври маҳаллӣ коркард карда мешаванд, ягон маълумот аз дастгоҳи интихобкардаи шумо берун намеравад ё барои тарҷума ба хизматрасониҳои абрӣ такя намекунад. Ин маънои онро дорад, ки «Mozilla» намедонад, ки шумо кадом саҳифаи сомонаро тарҷума мекунед, ва ин хусусияти тарҷумаи моро дар муқоиса бо дигар абзорҳои тарҷумонӣ ба абзори фарқкунанда табдил медиҳад.

Айни ҳол кадом забонҳо дастгирӣ карда мешаванд?

Дар айни замон хусусияти тарҷумаҳои «Firefox Translations» забонҳои зеринро дастгирӣ мекунад:

  • عربي
  • Azərbaycanca
  • Български
  • বাংলা
  • Català
  • Čeština
  • Dansk
  • Deutsch
  • Ελληνικά
  • English
  • Español
  • Eesti keel
  • فارسی
  • suomi
  • Français
  • ગુજરાતી
  • עברית
  • हिन्दी
  • Hrvatski
  • magyar
  • Bahasa Indonesia
  • íslenska
  • Italiano
  • 日本語
  • ಕನ್ನಡ
  • 한국어
  • Lietuvių
  • Latviešu
  • മലയാളം
  • Melayu
  • Nederlands
  • Polski
  • Português
  • Română
  • Русский
  • slovenčina
  • Slovenščina
  • Shqip
  • Српски
  • Svenska
  • தமிழ்
  • తెలుగు
  • Türkçe
  • Українська
  • Tiếng Việt
  • 中文

Ва забонҳои бештар дар ҳоли рушд қарор доранд!

Барномаи «Firefox» бо забони шумо ҳарф мезанад

Хусусияти «Firefox Translations» яке аз роҳҳои дигар аст, ки тавассути он ташкилоти «Mozilla» Интернети шуморо боз ҳам шахсӣ ва махфитар нигоҳ медорад. Ташкилоти «Mozilla» пайгирӣ намекунад, ки шумо кадом саҳифаҳои сомонаҳоро тарҷума мекунед. Бо миллионҳо корбар дар саросари ҷаҳон, ташкилоти «Mozilla» мехоҳад итминон ҳосил кунад, ки он корбароне, ки аз браузери «Firefox» истифода мебаранд, ҳамеша тавонанд тибқи шартҳои худ чизҳои навро омӯзанд, босамар муошират кунанд, маводи худро мубодила намоянд ва бохабар бимонанд. Браузери «Firefox»-ро боргирӣ карда, дар забони дилхоҳи худ истифодаи Интернетро оғоз намоед.