Браузери «Firefox» нақши рақамии ангуштонро манъ мекунад
Ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон чӣ аст?
Нақши рақамии ангушт - ин як навъи пайгирии онлайн мебошад, ки нисбат ба пайгирии оддӣ дар асоси кукиҳо хеле таҷовузкорона мебошад. Нақши рақамии ангушт қасдан сохта мешавад, вақте ки ширкат дар асоси сахтафзор, нармафзор, барномаҳо ва ҳатто хусусиятҳои танзимоти компютери шумо профили беназири шуморо месозад. Танзимоти шумо ба монанди экрани истифодашаванда, шрифту ҳарфҳои дар компютери шумо насбшуда ва ҳатто интихоби шумо нисбат ба браузери веб, ки ҳамаи ҳамин чизҳо метавонанд барои эҷод кардани нақши рақамии ангушт истифода шаванд.
Агар шумо ноутбук, компютер ё смартфоне, ки онро дар умум истифода мебаред, дошта бошед, муайян кардани дастгоҳи шумо тавассути нақши рақамии ангушт душвортар аст. Аммо, чӣ қадаре, ки ҷузъҳои иловагӣ, шрифту ҳарфҳо ва танзимоти беназири шумо дошта бошед, эҳтимоли пайдо кардани он осонтар мешавад. Ширкатҳо метавонанд ин маҷмуи беназири иттилоотро барои эҷод кардани нақши рақамии ангушти шумо истифода баранд. Бинобар ин, браузери «Firefox» нақши рақамии ангушти маълумро манъ мекунад, то шумо ба ҳар ҳол метавонед васеъшавиҳо, мавзуъҳо ва мутобиқсозии дӯстдоштаи худро бе таъсири таблиғу реклама истифода баред.
Ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон барои Интернет зараровар аст
Таҷрибаи ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон имкон медиҳад, ки шуморо дар тули моҳҳо пайгирӣ кунанд, ҳатто вақте ки шумо захирагоҳи браузери худро пок мекунед ё аз реҷаи тамошобинии хусусӣ истифода мебаред — ин маънои онро дорад, ки новобаста аз нишондиҳандаҳои возеҳ, ки шумо намехоҳед то шуморо пайгирӣ кунанд, яъне шуморо бо нодида гирифтани махфияти шахсии шумо пайгирӣ мекунанд. Бо вуҷуди он, ки созишномаи қариб комил оид ба зараровар будани низоми нақши рақамии ангушт, ки байни ҳамаи марказҳо ва мақомотҳои стандартикунонӣ ва таъминкунандагони браузерҳо эътироф карда шудааст, дида мешавад, ки истифодаи нақши рақамии ангушт дар Интернет дар даҳсолаи охир устуворона афзоиш ёфтааст.
Браузери «Firefox» нақши рақамии ангуштонро манъ мекунад
Браузери охирини «Firefox» шуморо аз низомҳои ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон муҳофизат мекунад, зеро ки дархостҳои тарафҳои сеюм ба серверҳои он ширкатҳое, ки дар ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон иштирок мекунанд, маҳдуд карда мешаванд. Мо бо ҷиддият кор кардем, то ин низоми муҳофизати махфият фаъол карда шавад ва ҳамзамон ба кори сомонаҳое, ки шумо аз онҳо истифода мебаред ва ба онҳо эътимод доред, халал нарасад. (Агар хоҳед, шумо метавонед тафсилоти техникиро дар ин ҷой мутолиа намоед).
Ин танзими дастнорас ё пинҳоне нест, ки шумо бояд барои пайдо кардани он ҷустуҷӯи боандеша кунед. Дар браузери охирини «Firefox» имкони маҳдудсозии ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон танзими стандартӣ ва пешфарз мебошад. Барои дидани он ки чӣ гуна тарафҳои сеюм шуморо дар паси парда пайгирӣ мекунанд ва чӣ гуна «Firefox» шуморо аз онҳо пешгирӣ намуда, муҳофизат мекунанд, ба лавҳаи иттилоотии муҳофизати махфияти худ ворид шавед.
Шояд барои шумо писанд набошад, ки касе тавонад бадқасдона ҳаракатҳои шуморо дар ҳаёти воқеӣ пайгирӣ кунад. Ҳеҷ сабабе вуҷуд надорад, ки шумо бояд чунин шарту шароитҳоро дар ҳаёти интернетии худ қабул кунед. Агар шумо аллакай «Firefox» надошта бошед, онро боргирӣ кунед ва худро аз ҷамъоварии нақши рақамии ангуштон муҳофизат намоед.