Firefox Developer Edition
Хуш омадед ба браузери нави дӯстдоштаи шумо. Хусусиятҳои навтарин, иҷрои самаранок ва абзорҳои барномарезиеро, ки барои сохтани Интернети кушод ба шумо лозиманд, ба даст оред.
Шумо аз низоми амалкунандаи «Debian», «Ubuntu» ё ягон низоми амалкунандаи дигар дар асоси «Debian» истифода мебаред?
Шумо метавонед ба ҷойи он анбори «APT»-и моро насб намоед.
Браузери «Firefox Developer Edition» омори истифодабариро ба ташкилоти «Mozilla» ба таври худкор мефиристонад. Маълумоти бештар
Firefox Developer Edition
Браузере, ки барои барномасозон сохта шудааст
Ҳамаи абзорҳои барномарезӣ дар версияи бета илова ба бар хусусиятҳои монанд ба «Multi-line Console Editor» ва «WebSocket Inspector».
Профили алоҳида ва масир, то шумо тавонед онро ба осонӣ дар баробари релиз ё «Бета Firefox» иҷро намоед.
Хусусиятҳое, ки барои мутахассисони барномарезии сомонаҳо таҳия карда шудаанд: Браузер ва ислоҳи нуқсонҳо ба таври дурдаст, аз он ҷумла мавзуи торик ва тугмаи навори абзорҳои барномасозон ба таври пешфарз фаъол карда мешаванд.
Абзорҳои нав
Абзорҳои барномарезии «Firefox»
Хусусиятҳои инноватсионӣ
Идоракунии тарҳи «CSS»
Тарҳрезӣ кунед. Барномарезӣ кунед. Аз санҷиш гузаронед. Такмил диҳед.
Сомонаҳои худро ҳамчун мутахассиси ҷаҳонӣ
бо истифода аз Абзорҳои барномарезии «Firefox» созед ва такмил диҳед
Тафтишкунанда
Рамзро тафтиш ва такмил дода, тарҳбандии сомонаро бо пикселҳо дар сатҳи олӣ созед.
Консол
Масъалаҳои гуногунро, ки ба «CSS», «JavaScript», амният ва шабака марбутанд, пайгирӣ намоед.
Ислоҳкунанда
Ислоҳкунандаи пурқуввати «JavaScript» бо дастгирии чорҷӯбаи кории (фреймворки/платформаи) дӯстдоштаи шумо.
Шабака
Назорат кунед, ки кадом дархостҳои шабакавӣ метавонанд суръати сомонаи шуморо кам кунанд ё онро маҳдуд намоянд.
Лавҳаи захирагоҳ
Зерҳофиза, кукиҳо, маҳзани маълумот ва маълумоти ҷаласаҳоро илова, таҳрир ё тоза кунед.
Реҷаи тарҳрезии мувофиқшаванда
Дар браузери худ сомонаҳоро ба воситаи дастгоҳҳои маҷозӣ бисанҷед.
Таҳрири дидорӣ
Танзимоти дақиқи аниматсияи, баробарсозӣ ва фосиласозии матн.
Самаранокӣ
Монеаҳоро боз кунед, равандҳоро муқаррар кунед, дороиҳоро беҳина созед.
Ҳофиза
Рахнаҳоеро дар ҳофиза ёбед ва барномаи худро боғайрат кунед.
Муҳаррири услубҳо
Ҳамаи ҷадвалҳои услубҳои «CSS»-ро дар браузери худ таҳрир ва идора кунед.
Фикрҳои худро баён кунед
Фикрҳои шумо кори моро беҳтар мекунанд. Ба мо маълумот диҳед, ки мо чӣ тавр метавонем худи браузер ва абзорҳои барномасозиро беҳтар кунед.
Ҳамроҳ шавед
Ба сохтани навтарин браузери соҳибихтиёр ба мо кумак расонед. Барномарезӣ кунед, хатоҳоро ислоҳ кунед, ҷузъҳои иловагиро таҳия кунед ва чизҳои бештар пешниҳод намоед.